17.04.2015
Фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ боздошта мешавад
Бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.
Тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фуруши долл. ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Хадамоти матбуоти
БМТ