Мушкилот ҳалли худро ёфт

Бойгонии ахбор
26.05.2015

Мушкилот ҳалли худро ёфт

Шаҳрванди шаҳри Душанбе Толибҷон Юсуфӣ 19 майи соли 2015 ба редаксияи ҳафтаномаи “СССР” занг зада, бо дархосте муроҷиат карда гуфтааст, ки дар як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 100 доллари ИМА бо арзиши 680 сомонӣ фурӯхта мешавад, дар сурате, ки дар сатрҳои равони телевизионҳои ҷумҳурӣ 654 сомонӣ нишон медиҳанд. Дархости шаҳрванди номбурда дар ҳафтаномаи “СССР”, №20(349) 21 майи соли ҷорӣ таҳти унвони “Қурби доллар 654 ё 680 сомонӣ?” нашр шудааст.         
    Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур масъули Бонки миллии Тоҷикистон бо шаҳрванд Толибҷон Юсуфӣ ба воситаи телефон ҳамсуҳбат шуд. 
    Дар натиҷа маълум гардид, ки номбурда аз ҶСК “Бонки Эсхата” қарздор будааст ва мехостааст, ки қарзи гирифтаашро пурра баргардонад, вале дар он рӯз бо қурби 6,54 аз нуқтаҳои мубодилаи асъори бозорҳои Корвону Султони Кабир ва Саховат доллари ИМА ёфта натавонистааст. 
    Дар идомаи мулоқот ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки ин кор се-чор рӯз пештар сурат гирифта буд ва дар ҶСК “Бонки Эсхата” маблағи қарзи ӯро бе ягон мушкилот тибқи дастури пешинаи БМТ, ки ду моҳ пеш ба ташкилотҳои қарзӣ равон карда буд, бо сомонӣ қабул карданд. 
    Ба шаҳрванд Т.Юсуфӣ барои сари вақт аз камбудиҳои ҷойдошта иттилоъ доданаш изҳори миннатдорӣ карда шуд. Ӯ низ дар навбати худ, ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои пайгирии саривақтии дархосту муроҷиати шаҳрвандон ва таъмини назорат аз болои нуқтаҳои мубодилаи асъор ташаккур ва изҳори миннатдорӣ намуд. 
    Зимнан ба ӯ ва дигар муштариёни ташкилотҳои қарзӣ маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми ошкор шудани чунин ҳолатҳо метавонанд ба рақами телефонҳои шахсони масъуле, ки дар тахтаи иттилоотии нуқтаҳои мубодилаи асъор нишон дода шудаанд, ба ташкилотҳои қарзӣ ва ё ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон +(992) 44- 600-15-20 занг зада, аз мушкилоти ба миёномада ба масъулин хабар диҳанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку