Афзоиши пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
27.05.2015

Афзоиши пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ

     Раванди муътадили зиёд шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳои ҷумҳурӣ давом дорад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, бақияи амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар охири моҳи апрели соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,7 фоиз афзуд. 
    Таҳлил ва омӯзиши таркиби нишондиҳандаи номбурда нишон доданд, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст. Аз ҷумла, 34,9 фоиз ё маблағи 2 620,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,1 фоиз ё 4 897,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд. 
    Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,10 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,89 фоизи солонаро ташкил намуданд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку