Ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат зиёд шуд

Бойгонии ахбор
28.05.2015

Ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат зиёд шуд

     Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ аз рӯи маълумоти ҷамъбастии бонкӣ,бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,2 фоиз афзуд. Агар ба таркиби бақияи қарзҳо назар андозем маълум мегардад,ки 48,4 фоиз ё 5 385,1 млн. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 51,6 фоиз ё 5 749,4 млн. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. 
    Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,92 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,35 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 3,11 ва 2,6 банди фоизӣ паст мебошанд. 
    Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ бинобар зиёд шудани талабот ба қарзҳои хурд нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 16,3 фоиз бештар қарзҳои хурд дода шудааст. Аз ин маблағ 403,3 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд мебошад. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку