Қурби долл. ИМА раванди пастравиро идома дод

Бойгонии ахбор
28.05.2015

Қурби долл. ИМА раванди пастравиро идома дод

     Дар давоми ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ раванди пастравиро соҳиб гашта, тадриҷан дар санаи 28 майи соли 2015 ба ҳисоби миёна арзиши хариди он то 6,1700 сомонӣ ва фурӯшаш то 6,1900 сомонӣ барои 1 долл. ИМА паст фаромад. 
    Айни замон, дар ин рӯз қурби расмӣ 6,2685 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон барои нуқтаҳои мубодилаи асъор то 6,52 сомонӣ харид ва то 6,54 сомонӣ фурӯш барои 1 долл. ИМА баробар буда, аз бетағйиру доимӣ ва пай дар пай боқӣ мондани сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи май шаҳодат медиҳад. 
    Сабабҳои паст шудани қурби долл. ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба долл. ИМА-и нақдӣ кам кард. 
    Фароҳам овардани шароиту имконияти бо сомонӣ пардохт кардани қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ гирифтаи шахсони воқеъӣ омили дигари кам шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ гашт. 
    Ҳамаи ин омилҳо барои ба эътидол омадани қурби сомонӣ ва барқарор гаштани суботу муназзамии фаъолияти бозори нақдии асъор мусоидат намуд. 
    Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамин сиёсати қурбии худро пайгирона амалӣ хоҳад кард.          
    Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ, дар ин давра каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1210-0,1230 сомонӣ барои як рубли русӣ ва ба 6,8990-6,9350 сомонӣ барои як евро баробар шуданд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку