Талабот ба қарз қонеъ гашта истодааст

Бойгонии ахбор
25.06.2015

Талабот ба қарз қонеъ гашта истодааст

    Афзоиши муътадили маблағҳои қарзӣ дар панҷ моҳи соли 2015 идома дорад. Бақияи умумии қарзҳо дар интиҳои моҳи майи соли равон 11072,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 фоиз зиёд аст. 
     Агар таркиби бақияи қарзҳоро тақсимбандӣ намоем, маълум мегардад, ки 47,2 фоиз ё 5 227,6 млн. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 52,8 фоиз ё 5 845,1 млн. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.  
    Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар панҷ моҳи сипаришуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ ба 1,96 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ ба андозаи 2,56 банди фоизӣ паст шуданд. 
    Илова бар ин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз афзуд. Аз ин маблағ 471,9 млн. сомонӣ ба навоҳии дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз зиёд мебошад. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку