Муаррифии истифодабарии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар БМТ баргузор гардид

Бойгонии ахбор
06.07.2015

Муаррифии истифодабарии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ дар БМТ баргузор гардид

Бо мақсади иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” чанде пеш дар Бонки миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бо истифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ширкат варзиданд. 
    Дар ҷараёни кори мизи мудаввар таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ба иштирокчиёни он терминалҳои электронии ширкатҳои PAX Technology LTD, Verifone ва Ingenico-ро муаррифӣ намуданд. 



    Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур райъпурсии иштирокчиён гузаронида шуда, сабаб ва паҳлуҳои масъалаю мушкилоти татбиқи Қарори зикргардида муҳокима гардиданд. 
    Дар робита ба ин, иштирокчиёни мизи мудаввар қайд карданд, ки барои минбаъд рушд намудани пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои зерин зарур аст: - шабакаҳои терминалӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ васеъ карда шуда ва дастрасии он ба аҳолӣ ба роҳ монда шавад; 
    - барои таҷҳизотҳои терминалии воридшаванда боҷҳои гумрукии имтиёзнок муайян карда шаванд; 
     - барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи кортҳои пардохтӣ тавассути терминалҳо пардохтҳоро барои хариди мол ва хизматрасонӣ қабул мекунанд, андозҳои имтиёзнок муқаррар карда шаванд; 
    - дониши молиявии аҳолӣ баланд бардошта шавад. 
    Аз ҷониби иштирокдорон қайд карда шуд, ки барои амалӣ кардани Қарори мазкур иштироки фаъоли ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз қабили Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ бояд корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро оиди ба таври васеъ истифода бурдани технологияи муосири пардохтӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ҷоннок намоянд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ


Возврат к списку