Бо мақсади дар заминаи муттаҳиднамоии фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ба роҳ мондани танзими самараноки фаъолияти онҳо, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 28 майи соли равон ба Дастурамали №196 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд”, ки дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таҳти №600 "б" 26 июни соли 2015 ба қайд гирифта шудааст, тағйирот ворид намуд ва дар асоси он барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 6 000 000 (шаш миллион) сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи қарори мазкур барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи танзимшаванда ба таври зайл муқаррар карда мешавад:
- ба ҳолати 1.10.с.2015 - 3 000 000 (се миллион) сомонӣ;
- ба ҳолати 1.01.с.2016 - 4 500 000 (чор миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ;
- ба ҳолати 1.04.с.2016 - 6 000 000 (шаш миллион) сомонӣ.
Ҳамчунин бо Қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 майи соли равон бо мақсади дар боло зикршуда ба Дастурамали №197 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд», ки дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таҳти №137 "е" 26 июни соли 2015 ба қайд гирифта шудааст, тағйирот ворид карда шуд ва дар асоси он барои ташкилотҳои қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 4 000 000 (чор миллион) сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Тибқи қарори номбурда барои ташкилотҳои қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ ба таври зайл муқаррар карда мешавад:
- ба ҳолати 1.10.с.2015 - 2 000 000 (ду миллион) сомонӣ;
- ба ҳолати 1.01.с.2016 –3 000 000 (се миллион) сомонӣ;
- ба ҳолати 1.04.с.2016 - 4 000 000 (чор миллион) сомонӣ.
Хадамоти матбуоти
БМТ