Консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотӣ

Бойгонии ахбор
16.07.2015

Консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотӣ

Роҳбарияти нави Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи ислоҳоти босуръатро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ барои зиёд намудани самаранокии фаъолияти соҳаи бонкӣ идома медиҳад. 
    Аз ин лиҳоз, ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотии воситаҳои пулию асъориро таҳия намуда истодааст. 
    Ҳадафи асосии татбиқи платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотӣ аз байн бурдани маҳдудиятҳои мавҷуда дар бозори амалиёти пулию асъорӣ ва таъмини рушди босуботи он бо роҳи муттаҳид намудани равандҳои тиҷоратӣ дар платформаи ягона, навсозии технологӣ ва протсессуалӣ, таъмини дастрасии шаффофу мунтазам дар реҷаи онлайн ба бозори савдо, самаранокии амалиёт ва ҳосилнокӣ аз ҳисоби мувофиқ намудани равандҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани сатҳи мутобиқат, самаранокии идорасозии хавфҳои амалиётӣ ва воридшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии бонкӣ мебошад. 
    Вобаста ба ин якчанд пешниҳодҳои ширкатҳои бонуфуз дар бораи ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои соҳаи иттилооти молиявӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин дар назар аст, ки рӯзҳои наздик вохӯрии намояндагони ин ширкатҳо бо намояндагони бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад ва зимни он дурнамои тараққиёт ва нақшаи ҷорӣ намудани платформаи мазкур муҳокима шавад. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ 

Возврат к списку