Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015

Бойгонии ахбор
21.07.2015

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015

 Дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 21 июли соли 2015 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон дар маҷлисгоҳи бонк баргузор гардид, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, низоми пардохт, афзоиши пасандозҳо, қурби пули миллӣ, таҷдиди сохтори Бонки миллии Тоҷикистон, назарпурсиҳо, Барномаи солимгардонӣ барои солҳои 2015-2019 ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
     Дар ибтидои суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли равон ноустувории нарх дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ ба суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонид. Дар натиҷа ноустувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон мушоҳида гардид. Сарфи назар аз ин тағйиротҳо, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар давраи баррасишаванда тамоюли нисбатан муътадил дошт. 

 

1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ 
     Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД).Дар шашмоҳаи якуми соли 2015 ҳаҷми ММД ба 19,2 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоизро ташкил намуд. (Барои муқоиса: дар ҳамин давраи соли 2014 рушди воқеии ММД 6,7 фоизро ташкил дода буд). 
     Таваррум. Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода изҳор намуд, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ сатҳи таваррум 2,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ кам мебошад. Дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳишёбии талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуд.Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,1 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 2,8 фоиз ба вуқуъ пайваст. 



     Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 5,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ кам мебошад. 
     Сатҳи таварруми аслӣ, ки инъикоскунандаи таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо ба шумор меравад, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ -0,4 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ паст мебошад. Таварруми аслии солона бошад, дар ин давра ба 0,07 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 банди фоизӣ кам аст. 
     Қурби пули миллӣ. Аз нимсолаи дуюми соли 2014 то инҷониб дар ҷумҳурӣ афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ мушоҳида мегардад, ки ин пеш аз ҳама ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсӣ дар Русия ва ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо вобастагӣ дорад. Ҳолати мазкур дар навбати худ боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва лаппишҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст. 
     Дар рафти нишаст қайд шуд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тамоюли пастравии бемайлони қурби сомонӣ дар ҷумҳурӣ ҷой дошт ва қурби расмии он нисбат ба доллари ИМА аз 5,3074 сомонӣ то 6,2602 сомонӣ (18,0 фоиз) поён рафт. 

 

     Қурби бозории хариду фурӯши асъори хориҷии нақдӣ бошад, барои 1 доллари ИМА аз 5,4600 сомонӣ то 6,5300 сомонӣ ё худ 19,6 фоиз тағйир ёфт. Дар баробари ин, дар ин давра қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро 8,8 фоиз ва рубли русӣ 31,8 фоиз коҳиш ёфт. 
Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо барои таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар дар доираи қонунгузории ҷорӣ дар самти таъмини муътадилӣ ва қобилияти харидории пули миллӣ, танзиму назорати иҷрои меъёрҳо ва тартибу қоидаҳои анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор мунтазам тадбирҳо андешида истодааст. 
     Тавозуни пардохт. Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон 2 009,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,9 фоиз кам гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 13,4 фоиз ва бо кишварҳои хориҷи дур 28,6 фоиз коҳиш ёфт. 
     Мутобиқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 434,4 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз кам гардид. Воридоти молҳо бошад 1 574,7 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Вобаста ба ин, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамъбаст гардида, ба 1 140,3 млн. долл. ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,4 фоиз кам мебошад. 

 

2. Сиёсати пулӣ 
     Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро амалӣ намуда, баҳри нигоҳдории сатҳи зарурии ҳаҷми пул дар муомилот, муътадилии сатҳи таваррум ва маҳдуд намудани тағйирёбиҳои бемайлони қурбӣ фаъолияти худро равона намуд. 
     Вобаста ба ин, номбурда иброз дошт, ки дар ин давра меъёри бозтамвил бетағйир дар сатҳи 8,0 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, баҳри таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди қарздиҳӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ мувофиқан дар сатҳи 2,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона бетағйир нигоҳ дошта шуд. 
     Инчунин, дар ин давра аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои ватанӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат (то 3 моҳа) ба маблағи 415,8 млн. сомонӣ ва 30,0 млн. рубли русӣ дода шудаанд, ки ин дар таъмини ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ мусоидат намуд. 
     Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати пулӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳолати 30 июни соли 2015 маблағи 6,4 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 13,4 фоиз афзоиш ёфт. (Тибқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” зиёдшавии ин нишондиҳанда дар соли 2015 то 16 фоиз ба нақша гирифта шуда буд.

3. Рушди низоми бонкӣ 
     Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти низоми бонкии кишвар пеш аз ҳама ба устувории вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ нигаронида шудааст. 
     Ҳамчунин қайд гардид, ки ба ҳолати 1 июли соли равон дар қаламрави кишвар 17 адад бонк, 120 адад ташкилоти маблағгузории хурд, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 348 филиалҳо ва 1249 марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд бетағйир боқӣ монда, шумораи филиалҳои бонкҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ мутаносибан 16 адад ва 223 адад зиёд гардиданд. 

 

     Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 17,3 млрд. сомониро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 15,1 фоиз афзоиш ёфтанд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ бошад, мувофиқан 14,7 млрд. сомонӣ ва 2,6 млрд. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20,1 фоиз зиёд ва 7,3 фоиз кам мебошанд. 
     Дар ҷараёни вохӯрӣ изҳор карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ташкилотҳои қарзие, ки талаботҳои қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкро риоя наменамоянд, чораҳои зарурӣ меандешад. Бо Қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли равон бинобар сабаби аз ҷониби Ташкилотҳои амонатии қарзии хурди “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя”риоя нагардидани талаботҳои номбурда ба онҳо ҳуқуқи иҷрои амалиётҳои ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд ба муҳлати 1 сол манъ карда шуд. Ҳамчунин бинобар сабаби такрор ба такрор роҳ додан ба камбудиҳо дар самти бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол додани маблағҳои асъори хориҷии нақд ба хориҷи кишвар, бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 июли соли равон ба ҶДММ ТАҚХ “Матин” ҳуқуқи иҷрои амалиёти интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён ба муҳлати 1 сол манъ карда шуд. 
     Пасандозҳо. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хабарнигоронро ба бақияи умумии пасандозҳо ҷалб намуд, ки он ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 7,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 30,6 фоиз афзуд. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 21,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 34,9 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 30,2 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 69,8 фоизро ташкил медиҳад. 

 

     Қобили қайд аст, ки ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 22,4 фоиз ва 46,9 фоиз афзуданд. Ҳиссаи онҳо бошад, мувофиқан 62,5 ва 37,5 фоизи бақияи умумии пасандозҳоро ташкил доданд. 
     Маблағгузории қарзӣ. Таъкид гардид, ки ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар охири нимсолаи якуми соли ҷорӣ 11,0 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,5 фоиз зиёд мебошад. 
     Ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин нимсола додашуда 6,8 млрд. сомониро ташкил намуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад, дар давраи ҳисоботӣ ба 5,6 млрд. сомонӣ расида, коэффитсиенти бозгашти он 82,1 фоизи қарзҳои дар ин давра додашударо ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. 
     Қарзҳои додашуда дар ин давра ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт равона шудаанд. Аз ҷумла: ба соҳаи саноат 24,5 фоиз, савдои хориҷӣ 19,5 фоиз, сохтмон 18,6 фоиз, истеъмолот 11,7 фоиз, кишоварзӣ 9,6 фоиз, миёнаравии молиявӣ 4,1 фоиз, нақлиёт 7,6 фоиз, хизматрасонӣ 2,8 фоиз ва дигар соҳаҳо 1,6 фоиз. 
     Дар шароити кунунӣ маблағгузории соҳибкории истеҳсолӣ ва ривоҷ додани бахши воқеии иқтисодиёти кишвар яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бонкҳо аз рӯи соҳаҳо дар ин давра 56,4 фоизи он ё 3 844,7 млн. сомонӣ ба соҳибкорони истеҳсолӣ рост меояд. 
     Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд намуд, ки афзудани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат (зиёда аз як сол) яке аз омилҳои мусбати рушди иқтисодиёт ва муътадилии низоми молиявии кишвар ба шумор меравад. Бақияи қарзҳои дарозмуддат сол то сол афзоиш ёфта, дар давраи ҳисоботӣ (5,8 млрд. сомонӣ) 47,3 фоизи бақияи умумии қарзҳоро ташкил дод. 
     Низоми пардохт. Дар қаламрави ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ зиёда аз 29,3 млн. адад пардохтҳо бо усулҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ ба маблағи умумии 317,2 млрд. сомонӣ амалӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи пардохтҳо 34,9 фоиз ва ҳаҷми пардохтҳо 31,6 фоиз афзоиш ёфт. 
     Дар ин давра фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” таъмин гардид, ки дар интиҳои давра шумораи умумии иштирокдорони низоми мазкур ба 16 адад расид. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии иштирокдорони Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” 759 243 адад кортҳои миллӣ бароварда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,4 фоиз зиёд мебошад. 
     Ба санаи 1 июли соли 2015 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар маҷмӯъ 732 адад банкомат ва 1 882 адад терминалҳои электронӣ (аз ҷумла, дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1 356 адад ва дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 526 адад)-ро мавриди истифода қарор доданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта шумораи банкоматҳо 76 адад ва терминалҳои электронӣ 566 адад зиёд мебошанд. 
     Таҷдиди сохтори Бонки миллии Тоҷикистон. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2015, №114 бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокии фаъолияти кормандон, ба эътидол овардани сохтор, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, интихоб ва дуруст ҷойгиркунии кормандон, аз байн бурдани бархурди манфиатҳо сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи қарори мазкур сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор мегирад. Дар сохтори нав 197 штати корӣ ихтисор шуда, фаъолияти як қатор воҳидҳои сохторие, ки бевосита ба идоракунии бонк дахл надоранд, ба ҳисоби худмаблағгузорӣ гузаронида мешаванд. 
     Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, воҳиди сохтории нав таҳти унвони «Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» таъсис дода шуд. 
     Назарпурсиҳои Бонки миллии Тоҷикистон. Бо мақсади омӯхтани фикру ақидаи мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ, вазорату идораҳо ва умуман тамоми аҳолии кишвар оид ба бахшҳои алоҳидаи низоми бонкӣ як силсила назарпурсиҳо таҳия гардидаанд. Аз ҷумла, назарпурсиҳо оид ба маҷаллаи “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон”, “Бюллетени омори бонкӣ”, “Тавозуни пардохт ва қарзи бахши берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2015” ва “Оид ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ” дар бахши алоҳидаи сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шуда, айни замон аз ҷониби мутахассисон ва муштариён баҳогузорӣ шуда истодаанд. 
     Солимгардонии Бонки миллии Тоҷикистон. Бо мақсади беҳтар гардидани вазъи молиявӣ ва гузаронидани ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи стратегӣ оид ба фаъолияти солимгардонии Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 таҳия гардид. Нақшаи мазкур тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар гирифта, аз дувоздаҳ бахши асосӣ иборат мебошад.
     Тибқи талаботи Нақшаи мазкур ислоҳот дар бахшҳои гуногун ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулӣ, такмили фишангҳои он, беҳтар намудани идорасозии хавфҳои асъорӣ, танзими сармоя, дедоларикунонии иқтисодиёт, зиёд намудани эътимоднокии мардум ба пули миллӣ дар назар гирифта шудааст. Инчунин, дар доираи Нақшаи стратегӣ қонунҳои амалкунандаи низоми бонкӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, барои такмил додани онҳо, бахусус ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) ва таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи хизматрасонии пардохт ва низоми пардохт” чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
     Маҷаллаи бонкдорӣ. Бо дастур ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти имрӯзаи Бонк вобаста ба талаботи ҷаҳони муосир, маҷаллаи иттилоотии бонкӣ “Бонкдорӣ дар Тоҷикистон” пурра тағйир ёфта, бо сабку услуб ва диди тоза ҳамчун маҷаллаи таҳлилии бонкӣ бо унвони “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр хоҳад шуд. Маҷаллаи таҳлилии бонкӣ “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” бо мавзӯъҳои таҳлилӣ-бонкии аҳамияти ҷаҳонидошта, бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ) нашр гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад. 
     Бахши саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ хеле шавқовару ҷолиб гузашт, зеро хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди навигариҳо ва масъалаҳои низоми бонкӣ, аз қабили андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, тағйирот дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, тағйирёбии қурби асъор, фоизҳои қарз бо пули миллӣ, сатҳи таваррум, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, қарз ба соҳаҳои иқтисодиёт, рейтинги кредитии Бонки миллии Тоҷикистон, фаъолияти бонкдории исломӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку