Доктор Алӣ Қарадоғӣ: “Имкониятҳои ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ вуҷуд доранд”
Қурби асъор
Тоҷ
Рус
Eng
Дар бораи бонк
Вазифаҳо
Сохтор
Қонунгузорӣ
Сохтори ташкилӣ
Тамос
Вазифаҳои холӣ
Сиёсати пулӣ
Мақсад ва вазифаҳо
Фишангҳои сиёсати пулӣ
Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон
Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҶТ
Стратегияи сиёсати пулию қарзии ҶТ
Шарҳ ва интишорот
Шарҳи моҳонаи таваррум
Шарҳи монетарӣ
Шарҳи макроиқтисодӣ
Шарҳи таваррум
Низоми бонкӣ
Шарҳи рушди низоми бонкӣ
Нишондиҳандаҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Нишондиҳандаҳои молиявии бонкҳо
Нишондиҳандаҳои молиявии ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ
Нишондиҳандаҳои молиявии ташкилотҳои амонатии қарзии хурд
Рӯйхати ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Бонкҳо
Ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ
Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд
Ташкилотҳои қарзии хурд
Фондҳои қарзии хурд
Ташкилотҳои қарзии дар ҳолати барҳамдиҳӣ қарордошта
Рӯйхати намояндагиҳои бонкҳо
Руйхати намояндагиҳои бонкҳои ватанӣ берун аз кишвар
Руйхати намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ
Рӯйхати саҳмиядорони бонкҳо
Рӯйхати сармоягузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Рӯйхати сармоягузории бонкҳо
Рӯйхати сармоягузории ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ
Рӯйхати бюроҳои таърихи қарз
Рӯйхати ширкатҳои аудиторӣ
Рӯйхати мудирони махсус ва барҳамдиҳандагони ташкилоти қарзӣ
Суботи молиявӣ
Шарҳи умумӣ
Шарҳи низоми молиявӣ
Шарҳи устувории молиявии низоми бонкӣ
Шарҳи устувории молиявии низоми бонкӣ
Нишондиҳандаҳои устувории молиявии низоми бонкӣ
Нишондиҳандаҳои устувории молиявии бонкҳо
Нишондиҳандаҳои устувории молиявии ТАҚХ
Сиёсати макропруденсиалӣ
Кумитаи суботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон
Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Резаахбор
Санадҳо
Асосҳои сиёсати макропруденcиалӣ
Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз
Интишорот
Низоми пардохт
Шарҳи умумӣ
Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рушди инфрасохтори низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон
Раванди додани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ
Феҳристи операторони низоми пардохтӣ
Рушди бозори кортҳои пардохтии бонкӣ
Маблағҳои электронӣ
Агентҳои бонкии пардохтӣ
Маълумотномаи Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои Қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омор
Бахши воқеӣ
Бахши монетарӣ
Бахши иқтисоди хориҷӣ
Бюллетени омори бонкӣ
Омори бахши беруна
Тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мавқеи сармоягузориҳои байналмилалии ҶТ
Қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Савдои молу хизматрасониҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ
Дороиҳои захиравии байналмилалӣ
Тавозуни пардохт
Тафсири равишомӯзии (методологии) ТП ва ҚБ
Пешниҳоди таҳлилӣ
Пешниҳоди стандартӣ
Гардиши савдои хориҷӣ
Тавозуни савдо
Ҷадвали таҳлилии содироту воридоти молҳо аз рӯи кишварҳо
Нишондиҳандаҳои асосӣ
Шарҳу тафсири ТП ва ҚБ ҶТ
Қарзи берунии хусусии бекафолат ва сармоягузориҳои хориҷии ҶТ
Пули коғазӣ ва танга
Пули коғазӣ
Танга
Тангаҳои ҷашнӣ
Тангаҳои хотиравӣ
Бойгонии ахбор
23.07.2015
Доктор Алӣ Қарадоғӣ: “Имкониятҳои ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ вуҷуд доранд”
Дар доираи Конфронси байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки дар шаҳри Душанбе шуда гузашт, 23 июли соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ мулоқот бо дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмони Давлати Қатар доктор Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ баргузор гардид ва мавзӯи имкониятҳои ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта изҳор намуд, ки дар ҷумҳурии мо Шуморо бо асарҳои пурарзиш дар бораи ба роҳ мондани бонкдории исломӣ, таҷрибаи бойи дар ин ҷода андӯхтаатон хуб мешиносанд. Як сол пеш Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” қабул шудааст ва ҳоло заминаҳои ҳуқуқии таъсиси ин намуди ташкилотҳои қарзӣ муҳайё мебошанд. Низоми бонкии ҷумҳурӣ омодааст ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро бо сармоягузорони Давлати Қатар дар мавриди ташкили бонкҳо ва дигар муассисаҳои қарзии исломӣ ба роҳ монад.
Доктор Алӣ Қарадоғӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Тоҷикистон бо ташкили бонкдории исломӣ метавон ҳамкориҳоро бо сармоягузорони кишварҳои араб вусъат бахшид. Номбурда, азҷумла қайд кард, ки дар ҷумҳурии Шумо имконияти хуби ташкили як бонки бузурги исломӣ бо сармояи аз 100 то 500 млн. долл. ИМА бо иштироки ҷониби Тоҷикистон ва сармоягузорони Қатар вуҷуд дорад. Аз ҷониби худ ман дар ҷалби сармоягузорони кишварҳои араб ва пешниҳоди намунаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии таъсиси бонки исломӣ саҳми худро хоҳам гузошт. Мо ҳамчунин омодаем гуруҳи кории шуморо дар Қатар бипазирем ва оиди масъалаи номбурда машваратро оғоз кунем.
Илова бар ин, меҳмон изҳор кард, ки бонкҳои исломӣ метавонанд дар ин ҷо филиалҳои худро кушода, фаъолият намоянд, заминаҳои таъсиси ташкилоти сармоягузорӣ ба монанди ширкатҳои кафолатӣ (суғуртавӣ) ва ҳамчунин ташкили муассисаҳои маблағгузории хурд вуҷуд доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки сармоягузорони Давлати Қатар дар музокироту машваратҳои минбаъда омодагии худро барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳор хоҳанд кард, гуфт доктор Алӣ Қарадоғӣ.
Роҳбарони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ дар навбати худ қайд намуданд, ки мутахассисони онҳо то андозае дар ҷодаи истифодаи усулу воситаи татбиқи бонкдории исломӣ таҷриба андӯхтаанд ва дар маҷмуъ пешниҳодҳои намояндаи Қатарро дастгирӣ намуда, ба ҳамкории ҳамаҷониба омодаанд.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби бонкдорони тоҷик пешниҳод карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ бо иштироки ҳарду кишвар чунин як бонки минтақавии сармоягузории исломӣ таъсис дода шавад, то ки аз хизматрасониҳои он бонкҳои дигар низ истифода баранд.
Хадамоти матбуоти
БМТ
Возврат к списку