Бойгонии ахбор
07.08.2015

Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ боз паст фаромад

Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳудуди то 6,5200-6,5400 сомонӣ муқаррар карда шуда бошад ҳам, қурби он дар бозор бинобар давом ёфтани пастравии қурби нақдии рубли русӣ, тамоили болоравиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 6,6780-6,6980 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.

Дар айни замон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ боз ҳам паст фаромада, 0,1050-0,1070 сомонӣ 1 рубли русиро ташкил намуд. Қурби евро бошад, дар ин рӯзҳо каме баланд шуда, 7,2050-7,2410 сомонӣ ба як евро баробар шуд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку