Бонкдорон пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерсро баррасӣ намуданд

Бойгонии ахбор
12.08.2015

Бонкдорон пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерсро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиётҳои пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ ва дигар мавзуъҳои ҳамкорӣ дар ҷаласаи навбатӣ, ки таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолидддин Нуралиев бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, мутахассисони ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ Блумберг ва Томсон Рейтерс баргузор шуд, ҳамаҷониба муҳокима гардиданд.

Дар рафти ҷаласа намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, қобилияту бартариҳои онро ба ҳозирин пешниҳод карданд. Ҳамзамон мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади дарёфти маълумоти бештар оид ба маҳсулотҳои пешниҳодшаванда ба масъулини ширкатҳои номбурда саволу дархостҳои худро пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мукаммал гирифтанд.

jalasa_Thoms_.jpg

Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа диққати намояндагони ширкатҳои Блумберг ва Томсон Рейтерс ба зиёд намудани имтиёзи бе пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истифода кардани терминалҳо барои тамоми ташкилотҳои қарзӣ, пасттар кардани нархи моҳонаи ҳизматрасонии низоми электронӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти майдони ягонаи савдо ҷалб карда шуданд.

Илова бар ин, иштирокдорони маҷлис қайд карданд, ки баъзе бонкҳои ҷумҳурӣ бо барномаҳои Томсон Рейтерс аз наздик шинос ҳастанд ва аллакай бо онҳо амалиётҳои асъориро анҷом медиҳанд.

Дар қисми хотимавии ҷаласа баъди баррасии пешниҳоди маҳсулотҳои ширкатҳои зикршуда намояндагони ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулотҳои ширкати Томсон Рейтерс ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз доданд. Ҳамчунин дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки тибқи он ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода мешавад, то дар муҳлати кӯтоҳ бо ширкати Томсон Рейтерс ҳамкориро ба роҳ монанд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку