Дар БМТ лоиҳаи “Шаҳри интеллектуалӣ”-и ширкати хитой муҳокима гардид

Бойгонии ахбор
18.08.2015

Дар БМТ лоиҳаи “Шаҳри интеллектуалӣ”-и ширкати хитой муҳокима гардид

Дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов бо ҳайати намояндагони ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ таҳти сарварии раиси ширкати номбурда ҷаноби Ҷим Ние, ки имрӯз 18 августи соли равон баргузор гардид, муаррифии Лоиҳаи “Шаҳри интеллектуалӣ” ва имконияти татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар оғози мулоқот муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон С.Икромов меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии мамлакат, дастовардҳои бонкдорони тоҷик дар нимсолаи аввали соли равон, бахусус дар бахши истифодаи комёбиҳои нави технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии мамлакат ва нақшаҳои минбаъдаи онҳо шинос намуд.

Сипас, ҷаноби Ҷим Ние иброз намуд, ки ширкати “Чайна СмартСити Текнолоҷӣ” дар шаҳри Шанхай қарор дорад ва маҳсулоти он дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, бонкдорӣ, иттилоот, кишоварзӣ ва ғайра истифода мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот қайд карда шуд, ки бо маҳсулоти ин ширкат метавон фаъолияти тамоми бонкҳои кишварро ҳамоҳанг намуда, бо истифода аз кортҳои интеллектуалӣ аз хизматрасонии ҳамаи бонкҳо (пардохт, интиқол ва ғайра)-ро бо нархи ягона истифода намуд.

Ikromov S_vokhuri.jpg

Ҳамчунин маълум гардид, ки дар сурати амалӣ намудани лоиҳаи зикршуда пардохти маблағ дар тамоми нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва нақлиёт, ба миқдори беҳудуд захира намудани тамоми иттилоот дар соҳаҳои маориф, тиб, муайян намудани миқдори дақиқи воридот ва содироти мол ба таври мустақим ва фосилавӣ дар соҳаи гумрук, истифодаи корти интеллектуалӣ ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият, пардохти хизматрасониҳои интернетӣ бо тарзи нав ва арзиши кам, омода намудани мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ имконпазир мегардад.

Тавре дар рафти мулоқот маълум гардид, ин технология дар чандин шаҳрҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки зиёда аз 30 млн. аҳолӣ доранд, татбиқ гардида, зиёда аз 300 шаҳри дигар дар навбати татбиқи он мебошанд. Илова бар ин, лоиҳаи шаҳри интеллектуалӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё - Хитой, Олмон, Фаронса ва Ҷопон мавриди истифода қарор дорад.

Дар анҷоми суҳбат Ҷаноби Ҷим Ние қайд намуд, ки бо дастёбӣ ба ин технологияи пешқадам Тоҷикистон метавонад маркази асосии рушди ин технология дар минтақа гардад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку