БМТ мутахассисони варзидаи соҳибмаълумотро ба озмун даъват менамояд

Бойгонии ахбор
19.08.2015

БМТ мутахассисони варзидаи соҳибмаълумотро ба озмун даъват менамояд

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Дастгоҳи марказӣ, аз ҷумла дар Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти аудити дохилӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ, Департаменти технологияи иттилоотӣ, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт дар бозори озод, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, Шуъбаи хизматрасонии хазинавӣ, Шуъбаи ҳуқуқ, Бахши харид Озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар Озмун мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ, иқтисодчиён, мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ, ҳисобдорӣ, аудит, омор, ҳуқуқ, инчунин хатмкардагони мактабҳои олӣ бо ихтисосҳои “Молия ва қарз”, “Муносибатҳои байналхалқӣ”, “Ҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Барномасозӣ”, ки забонҳои давлатӣ, англисӣ ва русиро хуб медонанд, даъват карда мешаванд.

Маълумоти муфассал оид ба номгӯи вазифаҳои холӣ рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаи бонк www.nbt.tj нашр мешавад.

Телефон барои маълумот: (44) 600-32-13, Идораи кормандон.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку