Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ боз ҳам паст фаромад

Бойгонии ахбор
21.08.2015

Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ боз ҳам паст фаромад

Дар охири ҳафтаи равон қурби миёнаи муқарраршудаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, то 6,5400-6,5600 сомониро ташкил намуда, қурби миёнаи он дар бозор тамоили болоравиро нигоҳ дошта, 6,7780-6,7980 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.

Омилҳои асосии болоравии қурби долл. нақди ИМА аз инҳо иборат аст: вазъи ноустувории бозорҳои ҷаҳонии нафту асъор ва раванди пастравии қурби асъорҳои миллӣ аксари давлатҳои дунё нисбати долл. ИМА, хусусан, қурби рубли русӣ ва тангаи қазоқӣ.

Айни замон, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ боз ҳам паст фаромада, 0,0980-0,1000 сомонӣ 1 рубли русиро ташкил намуд. Қурби евро бошад, андаке баланд шуда, 7,2965-7,3325 сомонӣ барои як евро баробар шуд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку