Масъалаи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” дар ҷаласаи корӣ, ки таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова 21 августи соли ҷорӣ бо роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ, ассотсиасияҳои бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳозирин ҳисоботи мақомоти масъул оид ба иҷрои талаботи бандҳои Қарори зикргардидаро шунида, монеа ва мушкилотеро, ки садди роҳи иҷрои мақсади гузошташуда мешаванд, муҳокима ва роҳҳои бартараф кардани онҳо пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми мулоқот таъкид карда шуд, ки мақомоти масъул бояд корро дар ин самт ҷоннок карда, аз натиҷаи иҷрои он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ахбори мушаххас манзур намоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ