Бонки миллии Тоҷикистон барои густариш додани муносибатҳои дуҷонибаи судманди байналхалқӣ бо ташкилотҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, ҷиҳати рушду нумуи иқтисоди миллӣ ва низоми бонкии кишвар ҷидду ҷаҳд менамояд. Мулоқоте, ки имрӯз, 27 августи соли ҷорӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо Мушовири калони Бонки рушди Осиё Саид Заиданшоҳ анҷом дод, аз ҷумлаи ҳамин чорабиниҳои бонк ба шумор меравад.
Дар ҷараёни вохӯри ҷонибҳо масъалаҳои идома додани барномаи кумаки техникии Бонки рушди Осиё дар самти пурзур намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ дар ин самт, такмил додани қонунгузорӣ, ташкили семинару машваратҳо ва истифода аз барномаҳои пешрафта дар ин ҷода ибрози назар намуданд.
Намояндаи Бонки рушди Осиё зимни баррасии масъалаҳои мулоқот қайд кард, ки Бонки рушди Осиё аз ҳамкориҳои дуҷониба ва судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд мебошад ва омодагии ташкилоти худро барои идома додани ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуд
Ва дар интиҳои мулоқоти судманд ва ҷамъбасти он тарафҳо ба хулоса омаданд, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои баррасишуда дар ояндаи наздик ҳамкориро идома хоҳанд дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ