Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои дастовардҳои назаррас ва комёбиҳо дар раванди таълиму тарбия ва истифодаи усулҳои муосири инноватсионӣ ва идоракунӣ бо мукофоти BIZZ-2015 сарфароз гардид.
Маросими тақдими мукофот аввали моҳи августи соли равон дар Лас-Вегаси ИМА баргузор гардид.
Мукофоти олӣ, ки яке аз ҷоизаҳои муҳими хизматӣ дар ҷаҳон таҳти унвони BIZZ-2015 ба шумор меравад, дар маросими тантанавӣ ва хотирмон Президенти Конфедератсияи байналмилалии ширкатҳои тиҷоратӣ (WORLD CONFEDERATION OF BUSINESSES - WORLDCOB) Джесус Дж. Моран ба ректори Донишкадаи молиявӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, узви Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода супорид. Қобили қайд аст, ки баъди сазовор шудан ба ин мукофот Донишкадаи молиявӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар баробари ширкатҳо ва корпоратсияҳои дунё узви воломақоми WORLDCOB гардид.
Боиси ифтихор аст, ки донишкадаи мазкур дар соли равон маротибаи дуюм аст, ки сазовори мукофоти олӣ мегардад. Моҳи марти соли ҷорӣ барои дастовардҳо дар бахши сифат, пешсафӣ, технология ва инноватсия донишкада дар Женева (Швейтсария) бо ҷоизаи “Тоҷ барои сифат” (Quality Crown) сазовор шуда буд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар робита ба мукофоти байналмилалӣ сазовар гаштани Донишкадаи молиявӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ректори донишкада, узви Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва кормандони мактаби олиро бо ин мукофоти арзанда самимона таҳният гуфта, дар корҳои ояндаашон дар самти таълиму тарбияи мутахассисони шоиста комёбиҳои назаррас таманно менамояд!
Хадамоти матбуоти
БМТ