Таваррум дар моҳи июл – 0,1 фоиз

Бойгонии ахбор
31.08.2015

Таваррум дар моҳи июл – 0,1 фоиз

Бино ба маълумоти мавҷудаи расмӣ дар моҳи июли соли равон сатҳи таваррум 0,1 фоиз ва аз оғози сол ба 2,7 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,1 банди фоизӣ ва 2,0 банди фоизӣ паст аст. Сатҳи таваррум дар зарфи 12 моҳи охир бошад, 5,4 фоизро ташкил дод ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,7 банди фоизӣ паст мебошад.

Меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар охири моҳи июли соли равон, бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку