Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-июли соли равон ҳаҷми содироти мол 560,3 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,2 млн. долл. ИМА ё ба андозаи 6,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, ҳаҷми воридот дар давраи ҳисоботӣ маблағи 1 866,3 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 25,0 фоиз ва ё ба маблағи 621,7 млн. долл. ИМА коҳиш ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ