Бақияи пасандозҳо мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар интиҳои моҳи июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 фоиз афзуда, 7 915 млн. сомониро ташкил дод.
Таҳлили таркиби ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 37,9 фоиз ё 2 997,0 млн. сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 62,1 фоиз ё 4 918,4 млн. сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.
Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар ин давра бо пули миллӣ 15,62 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,60 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ