3 сентябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Раиси бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати расмии Бонки мардумии Хитой таҳти сарварии Раиси бонки мазкур ҷаноби Жоу Сиаочуан доир гардид.
Қабл аз ҳама, қайд кардан зарур аст, ки ташрифи дурӯзаи раиси Бонки мардумии Хитой ҷаноби Жоу Сиаочуан, ки иқтисоди кишвари он аз лиҳози бузургӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд, бори дигар аз муносибати дӯстонаи кишвари ҳамсоя ва ҳусни таваҷҷуҳи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат медиҳад.
Нахуст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат ошно намуда, иброз дошт, ки новобаста аз буҳрони молиявӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, нишондиҳандаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, кишоварзӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошанд.
Зимни суханронии худ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки дар натиҷаи ҳамкории мутақобилаи судманд мо метавонем вазъи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам таҳким бахшем.
Раиси Бонки мардумии Хитой Жоу Сиаочуан зимни суханронии хеш иброз дошт, ки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин як давраи ҳассос қобили таваҷҷуҳ аст. Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар натиҷаи пешгирӣ ва андешидани чораҳои судманд дар давраи буҳрони молиявӣ ҳеҷ як донишкадаи молиявӣ ва дар маҷмӯъ соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Ҷумҳурии халқии Хитой зарар надид. Дар давоми як соли охир бошад, қурби юан дар бозори молиявӣ мавқеи худро устувор намуд, зеро бозори молиявии мамлакат таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Дар анҷоми суханронии худ ҷаноби Жоу Сиаочуан иброз дошт, ки Бонки мардумии Хитой аз ҳамкории дуҷонибаи судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва донишкадаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон умедҳои зиёд дорад ва барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ кушиш хоҳад кард.
Баъди анҷоми мулоқот маросими тантанавии ба имзо расонидани Шартномаи амалиётҳои СВОП, яъне мубодилаи як асъори миллӣ ба асъори миллии дигар баргузор гардид. Санади муҳим, ки барои се соли оянда нигаронида шудааст, дар ҳузури роҳбарони бонкҳои низомсози мамлакат аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Раиси Бонки мардумии Хитой ҷаноби Жоу Сиаочуан ба имзо расид.
Бар асоси созишномаи мазкур, ки муҳлати он се соли ояндаро дар бар мегирад, Бонки мардумии Хитой ба Бонки миллии Тоҷикистон 3,0 миллиард юан, муодили қариб 500 миллион доллари ИМА пешниҳод менамояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ