Таварруми моҳона – 0,5 фоиз

Бойгонии ахбор
22.09.2015

Таварруми моҳона – 0,5 фоиз

Сатҳи таваррум дар ҷамъбасти моҳи августи соли равон муътадил арзёбӣ шуда, ҳамагӣ 0,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ паст мебошад.

Нишондиҳандаи мазкур дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба 3,2 фоиз баробар шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,2 банди фоизӣ паст аст. Дар зарфи 12 моҳи охир бошад, таваррум 5,1 фоизро ташкил дод.

Меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар давраи ҳисоботӣ бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку