Афзоиши устувори бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат идома дорад. Масалан, дар интиҳои моҳи августи соли равон нишондиҳандаи мазкур 8 263,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,0 фоиз зиёд мебошад.
Тавре таҳлилҳои таркиби бақияи пасандозҳо нишон доданд, 40,3 фоизи пасандозҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 59,7 фоизи пасандозҳои дигар ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Таҳлили боло бори дигар аз зиёд шудани боварии мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,61 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,63 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ