Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Нигинаи Раҳмон
- Амалиёти СВОП чист, лутфан дар бораи он маълумоти муфассал пешниҳод намоед?
- Амалиёти СВОП ин амалиётест, ки аз ду қадам иборат буда, дар қадами аввал мубодилаи як асъор бо асъори дигар амалӣ мегардад, дар қадами дуввум бошад, мубодилаи баръакси ин асъорҳо, бо қурби пешакӣ муқарраршуда, анҷом дода мешавад. Одатан, байни ин ду қадам муҳлати муайян – масалан, як сол – гузошта мешавад.
Барои мисол, фарз мекунем, ки тарафи якум сомонӣ дораду айни ҳол ба юан эҳтиёҷ дорад. Тарафи дуввум бошад, юан дораду ҳамин лаҳза ба сомонӣ эҳтиёҷ дорад. Тарафҳо ба қарор меоянд, ки имрӯз асъорҳои худро бо якдигар мубодила карда, баъд аз як сол, боз баргашта асъорҳои худро аз тариқи мубодила бозпас мегиранд. Қурби мубодилаи имрӯза ва оянда низ пешакӣ муайян карда мешавад.
- Имзои созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Хитой оид ба амалиётҳои СВОП ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҷиҳат муҳим аст ва чӣ гуна манфиат ба бор меоварад?
- Созишномаи СВОП байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Хитой 3 сентябри соли ҷорӣ ба маблағи 3 млрд. юан ё мутаносиби 3 млрд. сомонӣ ба имзо расид. Санади мазкур ба муҳлати 3 сол баста шуда, ҳар сол тамдид карда мешавад.
Амалиёти СВОП байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Хитой бо мақсади зиёд кардани захираҳо, баланд бардоштани имкониятҳои содиротӣ, маблағгузории савдо ва дастгирии тавозуни пардохт равона карда мешавад.
- Ҳангоми муайян намудани қурби сомонӣ нисбат ба юани чинӣ кадом нишондиҳандаҳо ба назар гирифта мешаванд? (Аснои ҳисоб намудани қурби сомонӣ нисбат ба юан оё он бо назардошти доллари ИМА муқаррар карда мешавад?)
- Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ қурби асъорҳои хориҷӣ нисбати юани Чин бо назардошти қурби доллари ИМА муайян карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ қурби расмии асъорҳои хориҷӣ, аз ҷумла, юани Чин тибқи қоидаҳои муайяннамоии қурби мутақобила (“кросс-курс”) бо истифода аз таносуби қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ва қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори хориҷии дигар, ки аз ҷониби бонкҳои марказии онҳо ва ё бозорҳои асъории ҷаҳонӣ дар ҳамин рӯз муқаррар карда шудаанд, ҳисоб карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ