Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо қарори навбатии худ аз 29 сентябри соли равон дархости ҶДММ ТҚХ “Базис-кредит”-ро оид ба барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти номбурда қонеъ гардонид.
Мутобиқи қарори қабулшуда Иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Базис-кредит”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, бозхонд шуда, номи он аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешавад.
Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Базис-кредит”вазифадор карда мешавад, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ