Масъалаҳои идома додани самаранокии татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва паҳлуҳои дигари ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъмин намудани устувории молиявӣ дар мулоқоти муовини якум ва муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Умед Латифов бо ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор –Давид Григорян, Дарко Бохнеч ва Айдин Биболов, ки 28 сентябри соли равон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози мулоқот Ҷ. Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори принсипҳои такмили ислоҳоти иқтисодӣ мебошад ва ба Хазинаи байналмилалии асъор барои расонидани дастгириҳои бисёрҷабҳаи техникӣ миннатдорӣ баён менамояд. Номбурда афзуд, ки тибқи таҷдиди сохтори нави бонк ва тавсияи Барномаи баҳогузории бахши молиявии Хазинаи байналмилалии асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ бо номи Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо таъсис дода шуд ва он аллакай фаъолият дорад. Маълум аст, ки мутахассисони идораи навтаъсис дар марҳилаи аввали фаъолияти худ ба дастгирии техникӣ ва маслиҳату машварати коршиносони ботаҷрибаи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз доранд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон диққати ҳайати намояндагони ХБА ба масъалаҳои зерин, аз қабили, таҳияи чораҳои сиёсати макромақбулӣ ва индикаторҳои калидии суботи молиявӣ, муайян намудани вазифаҳои асосии машваратӣ ва идоравии Кумитаи оид ба суботи молиявӣ, таҳияи вазифа ва уҳдадориҳои идораи навтаъсис, идора намудани хавфҳои системавӣ дар бахши молиявии ҷумҳурӣ, муайян кардани талабот ба истифодаи барномаҳои таҳлилии компютерӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои таҷрибавӣ ҳангоми идора намудани хавфҳои системавӣ ҷалб намуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ҷанобон Давид Григорян ва Дарко Бохнеч изҳор намуданд, ки мақсади ташрифи онҳо ба ҷумҳурӣ ва бахусус ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақша расонидани кӯмаки техникӣ ба Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои бонк ба шумор меравад. Дар робита ба ин, онҳо қайд карданд, ки дар ин бахш аллакай корро шуруъ кардаанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ