БМТ: Дар ҶСП “Фононбонк” маъмурияти муваққатӣ таъин карда шуд

Бойгонии ахбор
05.10.2015

БМТ: Дар ҶСП “Фононбонк” маъмурияти муваққатӣ таъин карда шуд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 49 ва 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 2 октябри соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати се моҳ таъин намуд.

Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” чораҳои зарурӣ андешад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку