Муҳокимаи масъалаҳои зарурат ва талабот ба кӯмаки техникӣ, дастгирии таҳлилии низоми бонкӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои ислоҳотӣ 6 октябри соли ҷорӣ дар мулоқоте, ки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., бо ҳайати бахши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мудири Амалияи глобалӣ оид ба макроиқтисодӣ ва идораи фискалӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ, Кафқоз, Русия ва Ҳавзаи Қариб хонум Мириа Пигато баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст ҷаноби Нуралиев Ҷ.К., аъзои ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳониро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, буҷети ҷумҳурӣ, таваррум, дастовардҳо дар низоми бонкии кишвар, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ошно намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар тули 3-5 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон бо суръати чашмрас пеш рафт, буҷети давлатӣ бошад, чанд маротиба зиёд шуда, сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон ҳамагӣ 3,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 банди фоизӣ паст аст. Албатта, чун дар дигар давлатҳои ҷаҳон бар асари фишори буҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилотҳо ба миён омадаанд ва барои рафъи онҳо моро зарур аст, ки кӯмаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем.
Роҳбари ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хонум Мириа Пигато дар навбати худ зимни мулоқот изҳор дошт, ки мақсади ташрифи мо ҳам ба Тоҷикистон омӯхтани масъалаю мушкилоти мавҷуда, муайян намудани шартҳои зарурӣ барои пешниҳоди ёрӣ ва ташакул додани сиёсати дастгирӣ ва кӯмаки техникӣ ва бо ин васила таъмин намудани пешрафт дар иқтисодиёт мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муфид ва судманд метавонанд аз тариқи барномаҳои алоҳидаи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ, дастгирии қурби пули миллӣ ва бахши бонки ба роҳ монда шаванд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки масъалаҳои мушаххас оид ба ҳамкориҳои тарафайн дар мулоқотҳои минбаъда бо ҳайати навбатии Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.
Хадамоти матбуоти
БМТ