Масъалаҳои идомаи ҳамкориҳои дуҷониба ва мушаххасу самаранок бо ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ дар вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамолиддин Нуралиев бо ҷаноби Ричард Ҷонс- роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ҷаноби Себастян Фариниаз - роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба дастгирии маблағгузории хурди ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, хонум Зарина Одинаева - роҳбари Лоиҳаи таҳкими инфрасохтори молиявии Осиёи марказӣ ва Озарбойҷони Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ва Муҳаммадӣ Бобоев -иқтисодчии Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар ҷумҳурӣ, ки имрӯз, 23 октябри соли равон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки мулоқоти имрӯзаи намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон идомаи вохӯрии ҷонибҳо аз 22 сентябри соли равон аст, ки дар он дархости бонк ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби донорҳо пешниҳод шуда буд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ аз ҳамкориҳои судманд бо департаменту идораҳои Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои се – чор соли оянда барномаҳои мушаххаси ҳамкориҳо оид ба кумакҳои техникӣ таҳия шудаанд ва қисме аз онҳо аллакай мавриди амал қарор доранд. Ҷонибҳо дар идомаи суҳбат масъалаҳои расонидани кӯмаку дастгириҳои техникӣ, ҷалби машваратчиёну коршиносони сатҳи байналмилалӣ барои беҳтар кардани фаъолияти бахшҳои гуногуни низоми бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла назорати бонкӣ, тавозуни пардохт, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон, суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо барои муҳлатҳои кутоҳмуддат, миёнамуҳлат дарозмуддат ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ таъкид намуд, ки ташрифи намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ва мулоқоти имрӯза аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо омода ҳастанд ба бонк кӯмаки техникӣ расонанд. Номбурда таъкид намуд, ки роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои идома додани ҳамкориҳои самаровар ба хотири рушди ҳамаҷонибаи низоми бонкии кишвар ва иқтисодиёти он ҳамеша омода ҳастанд.
Намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ҳамчунин изҳор доштанд, ки дар рӯзҳои наздик мулоқоту вохӯриҳои ҳайатҳои кории ташкилотҳояшон бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, қабули қарорҳои мушаххас мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Имрӯз, ҳамчунин муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамолиддин Нуралиев дар якҷоягӣ бо муовини Раиси бонк хонум Лола Салимова бо коршиноси Хазинаи байналмилалии асъор оид ба кӯмаки техникӣ хонум Татяна Ғафурова, ки тайи ду ҳафтаи охир бо сафари хизматӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқоти корӣ доир намуд.
Хонум Татяна Ғафурова дар оғози мулоқот иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, таҳияи омори тавозуни пардохт ба дастовардҳои муайян ноил гашт. Дар муддати 5-6 моҳи охир, якчанд тавсияҳоро ба инобат гирифта, талаботи муқаррарнамудаи ҳайати пешинаи Хазинаи байналмилалии асъорро иҷро намуд.
Дар рафти мулоқот муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳо дар самти расонидани кӯмаки техникии Хазинаи байналмилалии асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, диққати хонум Татяна Ғафуроваро ба ҷоннок намудани ҳамкориҳо ва тезонидани муҳлати иҷрои барномаи банақшагирифташуда, ташкил намудани семинар ва курсҳои таълимии кутоҳмуддат барои мутахассисони Идораи омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон ҷалб намуд.