Раванди афзуншавии ҳаҷми бақияи пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ чун моҳҳои пешин идома дорад. Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи сентябри соли равон 8 214,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,9 фоиз зиёд аст.
Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми амонатҳо нишон дод, ки 39,8 фоиз ё маблағи 3 272,6 млн. сомонии амонатҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 60,2 фоиз ё 4 941,9 млн. сомонии амонатҳо ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.
Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,33 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,61 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ