Ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат зиёд шуд

Бойгонии ахбор
28.10.2015

Ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат зиёд шуд

Аз рӯи маълумоти ҷамъбастии бонкӣ бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 фоиз афзуда, маблағи 11 333,2 млн. сомониро ташкил намуд.

Аз ин маблағ 4 893,9 млн. сомонӣ ё 43,2 фоиз ҳамҷун қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 439,4 млн. сомонӣ ё 56,8 фоиз ҳамчун қарзҳои дарозмуддат барои рушди иқтисодиёти кишвар равона карда шудаанд.

Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ 0,56 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,94 банди фоизӣ паст мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда ба 4 110,5 млн.сомонӣ баробар шуданд ва аз ин ҳисоб маблағи 734,1 млн.сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку