Фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзии хурд қатъ карда шуд

Бойгонии ахбор
29.10.2015

Фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзии хурд қатъ карда шуд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ, бо қарорҳои навбатии худ аз 29 октябри соли равон фаъолиятҳои ҶДММ ТҚХ “Авлодон”, ҶДММ ТҚХ “Беҳнамо”, ҶДММ ТҚХ “Имкон 2010”, ҶСП ТҚХ “Омад”ва ҶСП ТҚХ “Умеди Ёвон”-ро бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонид.

Қайд кардан зарур аст, ки тайи чанд соли охир сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда дар бозори молиявии ҷумҳурӣ паст шуда буд.

Мутобиқи қарори боло иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шудаанд, бозхонд шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешавад.

Ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку