Бо ибтикори Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон 12-13 ноябри соли равон дар ш. Остона ҷаласаи тадорукотии Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони бонкҳои марказӣ (миллии) Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Русия, Белорус, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин машварат сардори Шуъбаи навтаъсиси бонк оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои хизматрасониҳои низоми бонкӣ Рукмина Сафарова намояндагӣ намуд.
Иштирокдорони ҷаласаи тадорукотӣ баъди интихоби Раис ва муовини Раиси Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва анҷом додани дигар масъалаҳои ташкилӣ ба омӯзиши таҷрибаи аъзои Шӯрои навтаъсис шуруъ карданд. Дар ин замина онҳо дар мисолҳои мушаххас моделҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки дар давлатҳои номбаршуда истифода мешаванд, таҳлил намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои номбурда ширкаткунандагони он оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, омӯхтани таҷриба ва андешидани чораҳои зарурӣ оид ба ҳалли масъалаҳои қарзҳои мушкилситон, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ бо муаррифиномаҳои ҷолиб баромад карданд ва дар атрофи ин проблемаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар қисмати ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ иштирокдорони он пешниҳод карданд, ки минбаъд оид ба масъалаҳои муҳими касбӣ фаъолияти муштаракро ба роҳ монда, оид ба ҳама чорабиниҳои амалишаванда мунтазам аз тариқи мубодилаи иттилоот якдигарро огоҳ созанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ