Қатъи фаъолияти ТАҚХ “Буроқ-1”

Бойгонии ахбор
26.11.2015

Қатъи фаъолияти ТАҚХ “Буроқ-1”

Дар низоми бонкии ҷумҳурӣ фаъолияти боз як ташкилоти амонатии қарзии хурд катъ гардид. Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли ҷорӣ фаъолияти ҶСП ТАҚХ “Буроқ-1” бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонида шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки чун дигар ташкилотҳои қарзии чанде пеш аз фаъолият бозмонда, сатҳи миёнаравии молиявии ТАҚХ “Буроқ-1 “ низ дар бозори молиявии ҷумҳурӣ тайи чанд моҳи охир коҳиш ёфта буд.

Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ин ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда мешавад.

Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор карда шуд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад.

Ҳамчунин комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор гардид, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку