Ҳамкорӣ бо Корпоратсияи исломии рушд

Бойгонии ахбор
09.12.2015

Ҳамкорӣ бо Корпоратсияи исломии рушд

Имрӯз, 9 декабри соли равон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Мудир оид ба рушди соҳибкорӣ ва Департаменти ҳамкории Корпоратсияи исломии рушд Фарид Масмоудӣ, намояндаи минтақавии корпоратсияи зикршуда оид ба ИДМ ва Аврупо Самир Тагиев масъалаҳои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ибтидои суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки низоми бонкии ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои боз ҳам зичтар ва барои ҳарду ҷониб манфиатовар ҳамеша омода аст. Тавре маълум аст, Корпоратсияи исломии рушд бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои молиявии ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ, аз қабили ширкатҳои лизингӣ ва бонкҳо метавонад хатҳои маблағгузорӣ боз намояд ё дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ кӯмак расонад. Илова бар ин, ин корпоратсия метавонад ширкатҳои маҳаллиеро, ки сохтори устуворӣ корӣ доранду метавонанд фаъолияти худро хуб пеш баранд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд. Дар робита ба ин, Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳод намуд, ки барои дастгирии муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта лоиҳаи нави маблағгузорӣ оғоз карда шуда, Корпоратсияи исломии рушд дар бунёди чор сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот дар чор минтақаи ҷумҳурӣ саҳм гузорад.

Фарид Масмоудӣ дар навбати худ пешниҳодоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро хуш пазируфта, қайд кард, ки Корпоратсияи исломии рушд ва сохторҳои марбутаи Бонки исломии рушд илова бар ин, тибқи лоиҳаҳои хеш ба содиркунандагони молу маводи дохилӣ ва соҳибкорони хурду миёна барои пӯшонидани эҳтиёҷоти молиявии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати онҳо маблағгузорӣ пешниҳод менамояд. Маблағгузории соҳибкории хурду миёна аз тариқи бонкҳои маҳаллӣ ва истифодаи захираҳои ба нақша гирифтаи ташкилотҳои молиявии исломӣ (Ширкати лизинги исломӣ, Бонки исломии рушд ва Хазинаи исломии дастгирии соҳибкории хурду миёна) анҷом дода мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои дуҷонибаро барои солҳои оянда муҳокима намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку