Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” таҳти №243 аз 2 декабри соли 2015 дар бахши “Сиёсати пулӣ”-и сомонаи бонк нашр гардид.
Ҳуҷҷати мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия гардида, ҳар сол аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мегардад.
Он самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлатро бо назардошти татбиқи воситаҳою тадбирҳои пешбинигардида барои расидан ба мақсади асосии нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо муайян менамояд.
Хадамоти матбуоти
БМТ