Мубодилаи асъор - дар сохторҳои ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
10.12.2015

Мубодилаи асъор - дар сохторҳои ташкилотҳои қарзӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд.

karta_tj.jpg

Шаҳрвандон барои мубодилаи асъор метавонанд ба ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағ муроҷиат намоянд. Дар сурати ба миён омадани ягон мушкилот муштариён ба телефонҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 ва 620-05-39, 600-28-63 занг зананд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку