Дастури БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
11.12.2015

Дастури БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ

Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият ва дастрас шудани маълумотҳо оид ба номгӯй хизматрасониҳои бонкие, ки воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом медиҳанд, дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Бо ирсоли ин санад Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро вазифадор намуд, ки маълумотҳо оид ба амалиётҳои анҷомдодашавандаи воҳидҳои сохторӣ (филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пулӣ ва воҳидҳои сайёр), суроғаи аниқи ҷойгиршавӣ ва реҷаи кории онҳоро дар сомонаи расмии худ то санаи 21 декабри соли 2015 ҷойгир намоянд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку