Сатҳи муътадилии таваррум нигоҳ дошта шуд

Бойгонии ахбор
14.12.2015

Сатҳи муътадилии таваррум нигоҳ дошта шуд

Тавре аз маълумотҳои омори расмӣ бармеояд, сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон чун моҳҳои пешин тамоюли тағйирёбии муътадили худро идома дода, ба 0,6 фоиз баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфт. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби қиматшавии нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 0,3 фоиз ва ғайриозуқа 1,5 фоиз ба амал омад. Арзиши хизматрасониҳои пулакӣ бошад, дар моҳи ноябр 0,4 фоиз паст гардид.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб шуда, 4,7 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ вобастагӣ дошт.

Илова бар ин, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) ба 5,2 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 банди фоизӣ камтар аст.

Қобили қайд аст, ки кам ё паст шудани сатҳи таваррум яке аз омилҳои муҳимтарин ва мусоидаткунанда барои таҳкимёбии фазои макроиқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку