БМТ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад

Бойгонии ахбор
15.12.2015

БМТ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад

Дар робита ба сабабҳои худкушии чанде пеши корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶСП “Тоҷиксодиротбанк” Алихон Азимов дар якчанд сомонаҳои хабарии ҷумҳурӣ хабару гузоришҳо ба нашр расида, фарзия ва гумонҳои гуногун ба хонандагон пешниҳод карда шуданд.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз марги бармаҳали Алихон Азимов мутаассиф буда, ба наздикону азизони марҳум изҳори тассалият мекунад. Аз даст додани ҳар нафари азиз, албатта, боиси андӯҳи гарон барои хешовандону дӯстони марҳум мебошад ва дар ин робита БМТ ҳамдардии амиқи худро ба онҳо баён менамояд.

Марги нобаҳангоми инсон новобаста аз он ки чӣ гуна ва дар куҷо рух дода аст, фоҷиаи бузург аст. Аммо ҳатто ноогоҳона ё надониста рабт додани ин ҳодиса ба фаъолияти як нафар ва ё як идораи дигар хатои аз он бузургтар мебошад.

Оид ба сабабҳои рух додани ин ҳодиса мақомоти дахлдор албатта, баъди санҷиши ҳолату сабабҳои он хулосаи ҳуқуқии худро пешниҳод менамояд. Вале дидаву дониста ба хонандагон пешкаш кардани ахбори носанҷидаву носаҳеҳ аз ҷониби баъзе расонаҳо, ки гӯё Алихон Азимов баъди ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудан, худкушӣ кардааст, мавриди таассуф аст. Барои мо ҳам муаммо аст, ки ин рақаму ин фарзия бо кадом далелҳо собит мешаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Тоҷикистон кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъорро ҷарима намекунад. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор БМТ моликони ҳуқуқии онҳо, яъне бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурдро ҷарима мекунад.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти БМТ тариқи сомонаи расмии бонк ҳамарӯза иттилоот пахш намуда истодааст. Бонки миллии Тоҷикистон танҳо ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия додааст, ки кормандони дар ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дастдоштаро дигар ба кор қабул накунанд.

Дар ин маврид метавон гуфт, ки эҳтимоли ҷой доштани дигар омил ва ё сабаби рух додани ин фоҷиа вуҷуд дорад. Бинобар ин, умедворем, ки мақомоти дахлдор баъди таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи номбурда сабаби асосии онро муайян хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку