Аз мавриди амал қарор гирифтани Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” як моҳ сипарӣ гашта, тадриҷан тартиби нави гузаронидани амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ҷорӣ мегардад.
Аз ҷумла, тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ба ваколати хазинаҳои амалиётӣ ва хазинадорони нуқтаҳои интиқоли пул, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораҳо вогузор гашта, онҳо ба низоми ягонаи электронии амалиётии ташкилоти қарзӣ пайваст карда шудаанд. Корҳои муайяни фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиботӣ оид ба фаъолияти низоми нав бо мизоҷон ва аҳолӣ гузаронида мешаванд ва маълумот оид ба суроғаи муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва номгӯи амалиётҳои аз ҷониби онҳо анҷом додашаванда дар сомонаҳо ҷойгир карда шудааст.
Мутаассифона, аз вазъи ноустувори бозори дохилии асъор, тағйирёбии номуътадили қурби пули миллӣ ва вуҷуд доштани фарқияти назарраси қурбҳои мубодилавӣ истифода бурда, дар баъзе ҳолатҳо, бархе аз кормандони муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеии алоҳида, даст ба қонуншиканӣ зада, тартиби нави анҷом додани амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷии нақдро риоя намекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки хариду фурӯши ғайрирасмӣ ва истифодаи асъори хориҷии нақд дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дошта, он нисбати ҳар ду тарафи муомила (харидор ва фурӯшанда) татбиқ карда мешавад.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон аз кулли мардуми шарифи ҷумҳурӣ даъват менамояд, ки аз анҷом додани муомилоти ғайрирасмӣ бо асъори хориҷии нақд худдорӣ карда, оид ба ҳар як ҳодиса ва ҳолатҳои риоя нашудани тартиби нави хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ, бевосита ба масъулин ва роҳбарони аввали муассиса ва ё саридораи ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намоянд.
Дар ҳолатҳои беэътиноӣ, нисбати ҳалли мушкилоти ба вуҷуд омада, аз ҷониби онҳо шаҳрвандон бояд тавассути телефонҳои боварӣ Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар маҳалҳо муроҷиат намоянд: (620-05-39, 600-28-63, 600-31-89, 600-31-82, 600-31-90, 600-31-75; шӯъбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 630-06-48, 630-06-49, дар шаҳри Қурғонтеппа 620-05-50, 620-05-44, 620-05-51, дар шаҳри Кулоб 625-05-73, 625-05-76).
Хадамоти матбуоти
БМТ