Ташкилотҳои қарзии хурд муттаҳид мешаванд

Бойгонии ахбор
14.01.2016

Ташкилотҳои қарзии хурд муттаҳид мешаванд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”, бо қарори навбатии худ аз 12 январи соли ҷорӣ барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ “Ворух” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди обшорон” ба ҶДММ ТҚХ “Меҳнатобод” ба дархости онҳо розигӣ дод.

Дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ворух” ва ҶДММ ТҚХ “Рушди обшорон”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.

ҶДММ ТҚХ “Меҳнатобод” вазифадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва дигар санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку