• Visa низоми ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкии бо кортҳои Visa дар қаламрави Тоҷикистон бо асъори миллӣ - сомони (TJ NNSS);
• Бонки ҳисоббаробаркунандаи низом Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар нишасти матбуотии муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми байналмиллалии пардохти Visa, ки имрӯз, 15 январи соли 2016 баргузор гардид, эълон карда шуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Tajikistan National Net Settlement System (TJ NNSS) ба фаъолият шуруъ кард. Ин низом барои гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ (сомони) аз рӯи амалиётҳо бо кортҳои Visa иҷрошаванда имкон фароҳам меорад.
Қайд карда шуд, ки ҷорӣ кардани низоми TJ NNSS марҳилаи муҳиме дар рушди бозори пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Низоми миллии ҳисоббаробариҳо аз рӯи амалиёт бо кортҳо ба бонкҳо барои дар байни аҳолӣ густариш додани пардохтҳои иноватсионӣ, бехатар ва қулай бо кортҳои Visa шароити мувофиқ фароҳам меорад.
Иштирокдорони лоиҳа умедворанд, ки TJ NNSS ба афзоиши шумораи суратҳисобҳои бонкии муштариён бо пули миллӣ ва гузариши пай дар пай ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва ниҳоят ба ҷалби шумораи бештари муштариён ба низоми молиявии Тоҷикистон ва зиёдшавии шаффофияти иқтисодиёти миллии кишвар дар маҷмуъ мусоидат хоҳад кард.
«Авлавияти доимӣ барои Visa ин фароҳам овардани шароити бештари мусоид барои рушди фаъолият бо кортҳо дар бонкҳо – муштариёни мо, инчунин тавсеъаи пардохтҳои электронӣ дар байни муштариён ва бахши тиҷорат мебошад», - қайд намуд Галим Табилдиев, мудири генералии минтақавии Visa дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Номбурда афзуд, ки мо аз ҷорӣ шудани низоми NNSS дар Тоҷикистон хушнуд ҳастем. Бо назардошти таҷрибаи Visa дар дигар кишварҳо бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҷорӣ намудани NNSS ба сатҳи нисбатан баланд баромадани бозори пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат менамояд.
Амалиёти ҳисоббаробаркунӣ бо пули миллӣ ҳангоми хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифода аз корти Visa дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ шуд. Бояд қайд кард, ки гузаронидани амалиёт тариқи низоми NNSS танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар Бонк –эмитент, Бонк – экваейр ва нуқтаи савдо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир бошанд ва асъоре, ки бо он амалиёт анҷом дода мешавад, сомонӣ бошад.
«Ҷорӣ намудани лоиҳаи мазкур ба ташаккули иқтисодиёти шаффоф, афзоиши ҳаҷми амалиёт бо кортҳои пардохтӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ мусоидат хоҳад кард», - қайд намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки ин низом имкон медиҳад баъзе мушкилоте, ки бо он дорандагони кортҳои пардохтӣ дар вақти ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ дучор мешаванд ва ҳангоми анҷом додани онҳо барои амалиёти конверсионӣ маблағи иловагӣ зарур мешуд, аз байн бардошта шавад. Илова бар ин, лоиҳа ба тавсеъаи бештари воситаҳои муосири пардохт дар байни аҳолӣ ва тақвияти низоми миллии пардохт мусоидат хоҳад кард».
Дар мулоқот қайд гардид, ки ҷорӣ кардани NNSS аз бонкҳо барои фаъол намудани он хароҷот талаб намекунад. Низоми TJ NNSS дар заминаи Visa NET низоми глобалии протсесингии Visa, ки қобилияти коркарди зиёда аз 65 000 амалиётро дар як сония доро мебошад ва зиёда аз 14 000 институтҳои молиявиро дар 200 кишвари дунё муттаҳид месозад, амалӣ карда мешавад. TJ NNSS, ки ба талаботи бозори бонкии Тоҷикистон мувофиқ карда шудааст, тариқи Visa хизматрасонӣ шуда, ба бонкҳо ҳамаи он афзалиятҳоеро, ки онҳо ҳангоми коркарди транзаксияҳои байналхалқӣ соҳибанд, аз ҷумла, хизматрасонии техникӣ, идорасозии хавфҳо ва кӯмак дар ҳалли масъалаҳои баҳсбарангезро кафолат медиҳад
Дар қисмати дуюми нишасти матбуоти муштарак ба саволҳои сершумори намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, мудири кулли минтақавии Visa дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ Галим Табалдиев ва Роҳбари шуъбаи робита бо мақомоти давлатии ширкати Visa Владислав Радиш ҷавобҳои мушаххасу мукаммал доданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ