Бонки миллии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки хоҳишмандон барои анҷом додани мубодилаи асъор метавонанд ба хазинаҳои ташкилотҳои қарзӣ, филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағ муроҷиат намоянд.
Дар баробари ин, бори дигар хотиррасон менамояд, ки даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ҳангоми амалиётҳои мубодилавӣ ва дағалона вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ