Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015

Бойгонии ахбор
26.01.2016

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015

Масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи низоми бонкӣ, аз қабили татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, нархи маҳсулот, рушди низоми пардохт, афзоиши пасандозҳо, қурби пули миллӣ, таҷдиди сохтори Бонки миллии Тоҷикистон, назарпурсиҳо, Барномаи солимгардонӣ барои солҳои 2015-2019 ва дигар ҷанбаҳои соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 26 январи соли равон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2015 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

nishast 3.jpg

Дар оғози суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки дар соли 2015 вазъи ноустувори иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон ва таҳримҳои иқтисодӣ дар кишварҳои асосии шарикони тиҷоратӣ, тағйирёбиҳои қурбӣ ва коҳишёбии нархҳои мол ва ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Ҳамчунин кам шудани интиқоли маблағҳо ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ боиси ноустувории қурбӣ, коҳиш ёфтани сатҳи даромадҳои ҳақиқии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ ва сатҳи талабот гардид.

Таъкид карда шуд, ки ин тамоюл танҳо хоси кишвари мо набуда, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ ба назар мерасад.

1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД).

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, соли 2015 дар ҷумҳурӣ рушди воқеии иқтисодиёт дар сатҳи нисбатан муътадил - 6,0% нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми номиналии он ба 48,4 млрд. сомонӣ баробар шуд. (Барои муқоиса: дар соли 2014 рушди воқеии ММД 6,7 фоизро ташкил дода буд). 

nishast 8.jpg

Таваррум.

Дар соли ҳисоботӣ дар натиҷаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон андешидани маҷмуи чораҳои зарурӣ сатҳи таваррум нисбат ба соли қаблӣ 2,3 банди фоизӣ кам гардида, 5,1 фоизро ташкил намуд. Буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳишёбии талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуд. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 4,3 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 7,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 2,3 фоиз ба вуқуъ пайваст. (Барои маълумот: Тибқи Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2015 нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи 7,5 фоиз пешбинӣ гардида буд). 

nishast nav.jpg

Қурби пули миллӣ.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар ин давра афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ идома доштанд, ки ин пеш аз ҳама ба омилҳои берунии иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсии шарики асосии иқтисодию стратегии мо - Русия вобастагӣ дошт ва боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва беқурбшавии қурби пули миллӣ гардид.

Дар соли 2015 бо мақсади муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори нақдӣ 61,7 млн. долл. ИМА ва дар бозори байнибонкӣ 383,4 млн. долл. ИМА мудохилаҳои асъорӣ анҷом дод.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷорӣ кардани низоми нави амалиётҳои хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” қабул гардид, ки он тартиб ва қоидаҳои ташкил кардан, анҷом додан, ба расмият даровардан, ба ҳисоб гирифтан, ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар ташкилотҳои қарзӣ муқаррар менамояд. Тибқи ин дастурамал тамоми амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ минбаъд танҳо дар хазинаҳои сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо тавассути низоми муттамаркази электронии амалиётии ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад. 

nishast 11.jpg

Новобаста аз чораҳои андешидашуда, дар соли 2015 қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тамоюли пастравии дошт ва қурби расмии он аз 5,3074 сомонӣ то 6,9902 сомонӣ (31,7 фоиз) поён рафт. Қурби бозории хариду фурӯши нақдии 1 доллари ИМА аз 5,47 сомонӣ то 7,58 сомонӣ ё худ 38,6 фоиз афзоиш ёфт.

Дар баробари ин, дар ин давра қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро 18,5 фоиз ва рубли русӣ 16,1 фоиз коҳиш ёфт.

Дар идомаи суханронии худ Ҷамшед Нурмаҳмадзода қайд кард, ки ба коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ як қатор омилҳо таъсир расониданд, аз ҷумла:

- кам шудани вуруди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз тамоми манбаъҳо, аз он ҷумла аз ҳисоби кам шудани ҳаҷми интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ-33,3 фоиз. (Дар баробари ин, интиқолҳо бо рубли русӣ афзоиш ёфтаанд, вале бо ифодаи долл. ИМА кам шудаанд);

- коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ;

- маҳдудшавии дастрасии ташкилотҳои қарзӣ ба қарзҳои асъории бонкҳои хориҷӣ;

- ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо ва пастравии қурби пули миллии ин кишварҳо, бахусус Федератсияи Русия ва Қазоқистон;

- омилҳои ҳаннотӣ вобаста ба кушишҳои нигоҳ доштани даромади калон аз фарқияти қурбҳо дар бозори ғайрирасмии хариду фурӯши доллари нақди ИМА ва ғайраҳо. 

nishast 3a.jpg

Илова бар ин, қайд кардан зарур аст, ки раванди пурқувват шудани қурби доллари ИМА дар тамоми ҷаҳон идома дорад, бинобар ин, аксар асъорҳои миллии давлатҳои минтақа ва дунё бо вуҷуди доштани захираҳои зиёди асъорӣ нисбат ба доллари ИМА заиф шуданд, аз ҷумла, дар соли 2015 қурбҳои манати Озарбойҷон 98,8 фоиз, тангаи Қазоқистон 86,2 фоиз, рубли Белорус 56,0 фоиз, гривнаи Украина 52,2 фоиз, реали Бразилия 47,1 фоиз, рубли Русия 29,6 фоиз, соми Қирғизистон 28,9 фоиз, лари Гурҷистон 27,2 фоиз, лири Туркия 25,3 фоиз, сӯми Ӯзбекистон 16,0 фоиз, евро 11,1 фоиз, риёли Эрон 10,9 фоиз ва юани Чин 5,7 фоиз.

Тавозуни пардохт.

Гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ 4 325,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 18,0 фоиз кам гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 15,0 фоиз ва бо кишварҳои хориҷи дур 20,5 фоиз коҳиш ёфт.

Мутобиқи маълумотҳои Агентии омор ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 890,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 8,9 фоиз кам гардид. Воридоти молҳо бошад, ба 3 434,9 млн. долл. ИМА баробар шуд, ки назар ба соли гузашта 20,1 фоиз коҳиш ёфт. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамъбаст гардида, 2 544,3 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 23,4 фоиз кам мебошад. 

nishast 2.jpg

2. Сиёсати пулию қарзӣ

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ таъкид карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2015 вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро амалӣ намуда, баҳри нигоҳдории сатҳи зарурии ҳаҷми пул дар муомилот, муътадилии сатҳи таваррум ва маҳдуд намудани тағйирёбиҳои бемайлони қурбӣ фаъолияти худро равона намуд.

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва фаъолгардонии бозори коғазҳои қиматнок дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Бонки миллӣ 83 музояда коғазҳои қиматнок ба маблағи 1,8 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2014 ду маротиба зиёд мебошад. Ҷиҳати таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, меъёри бозтамвил дар сатҳи 8,0 фоизи солона бетағйир нигоҳ дошта шуда, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 0,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуд ва мутаносибан дар сатҳи 1,5 фоиз ва 7,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Инчунин, меъёри фоизи қарзҳо барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 1,17 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 17,5 фоизи солона муқаррар гардид. Вобаста ба ин, дар соли 2015 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои ватанӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат барои пардохтпазирӣ (то 3 моҳ) ба маблағи 694,8 млн. сомонӣ пешниҳод гардид, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 253,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати пулӣ ба ҳисоб меравад, дар соли 2015 маблағи 7,0 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 16,0 фоиз афзоиш ёфт. 

nishast 9.jpg

3. Рушди низоми бонкӣ

Дар идомаи вохӯрӣ ба аҳли нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти низоми бонкии кишвар, пеш аз ҳама ба устувории вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ нигаронида шуда буд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар қаламрави кишвар 17 адад бонк, 106 адад ташкилоти маблағгузории хурд ва 432 филиалу шуъбаҳо фаъолият доштанд, ки дар муқоиса ба соли 2014 шумораи бонкҳо бетағйир монда, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ 1 адад, ташкилотҳои маблағгузории хурд 14 адад кам ва шумораи филиалҳои бонкҳо бошад, 17 адад зиёд гардиданд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар поёни соли ҳисоботӣ 18,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 27,2 фоиз афзоиш ёфтанд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ бошад, мувофиқан 16,2 млрд. сомонӣ ва 2,7 млрд. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2014 мутаносибан 29,4 фоиз ва 15,3 фоиз зиёд мебошанд.

Пасандозҳо.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки бақияи умумии пасандозҳо дар давраи номбурда 9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 35 фоиз афзуд. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 9,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 48,1 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 28,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 72,0 фоизро ташкил намуд. 

nishast7.jpg

Қобили қайд аст, ки ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муқоиса ба соли қаблӣ мутаносибан 24,3 фоиз ва 53,3 фоиз афзуд ва ҳиссаи онҳо бошад, мутаносибан 58,6 ва 41,4 фоизи бақияи умумии пасандозҳоро ташкил дод.

Маблағгузории қарзӣ.

Дар соли 2015 ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо ба 11,4 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 16,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии қарзҳои дар соли ҳисоботӣ додашуда 12,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 57,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, ҳаҷми қарзҳои пардохташуда, дар ин сол ба 10,7 млрд. сомонӣ расида, коэффитсиенти бозгашти он 87,5 фоизи қарзҳои додашударо ташкил намуд, ки назар ба соли қаблӣ 6,0 банди фоизӣ зиёд аст.

Ҳиссаи бештари қарзҳо ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт аз ҷумла, ба соҳаҳои саноат -28,8 фоиз, сохтмон -18,1 фоиз, савдои хориҷӣ -17,7 фоиз, истеъмолот -11,6 фоиз, кишоварзӣ -8,6 фоиз, нақлиёт –6,8 фоиз, миёнаравии молиявӣ -3,3 фоиз, хизматрасонӣ -2,8 фоиз ва дигар соҳаҳо 2,0 фоиз ҷудо гардиданд. 

nishast5.jpg

Ҳамзамон, дар ин давра пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок дар кишвар раванди болоравии худро нигоҳ дошт. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар соли ҳисоботӣ додашуда 59,1 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 7,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,6 млрд. сомонӣ ё 27,6фоиз зиёд мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки афзудани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат (зиёда аз як сол) яке аз омилҳои мусбати рушди иқтисодиёт ва муътадилии низоми молиявии кишвар мебошад. Бақияи қарзҳои дарозмуддат сол то сол афзоиш ёфта, дар давраи ҳисоботӣ (6,6 млрд. сомонӣ) 58,2 фоизи бақияи умумии қарзҳоро ташкил дод.

Низоми пардохт.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ дар соли 2015 зиёда аз 61,0 млн. пардохтҳо бо усулҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ ба маблағи умумии 530,7 млрд. сомонӣ амалӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта ҳаҷми пардохтҳо 21,4 фоиз кам шуда, шумораи пардохтҳо 19,6 фоиз афзоиш ёфт.

Дар интиҳои соли 2015 миқдори умумии кортҳои пардохтии аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот баровардашуда ба 1,44 млн. адад расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 30,6 фоиз зиёд аст. 


Дар соли 2015 фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” таъмин гардид ва шумораи умумии иштирокдорони низоми мазкур ба 17 адад расид. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии иштирокдорони Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” 946,1 ҳаз. адад кортҳои миллӣ бароварда шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 43,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар маҷмӯъ 762 адад банкомат ва 2214 адад терминалҳои электронӣ (аз ҷумла, дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1 564 адад ва дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 650 адад) мавриди истифода қарор доранд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 58 адад ва терминалҳои электронӣ 638 адад зиёд мебошад.

Таҷдиди сохтори Бонки миллии Тоҷикистон.

Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2015, №114 бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокии фаъолияти кормандон, ба эътидол овардани сохтор, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, интихоб ва дуруст ҷойгиркунии кормандон, аз байн бурдани бархурди манфиатҳо сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар сохтори нав 197 штати корӣ ихтисор шуда, фаъолияти як қатор воҳидҳои сохторие, ки бевосита ба идоракунии бонк дахл надоранд, ба ҳисоби худмаблағгузорӣ гузаронида мешаванд. 

nishast 2b.jpg

Назарпурсиҳои Бонки миллии Тоҷикистон.

Бо мақсади омӯхтани фикру андешаҳои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ, вазорату идораҳо ва умуман тамоми аҳолии кишвар оид ба бахшҳои алоҳидаи низоми бонкӣ як силсила назарпурсиҳо таҳия ва гузаронида шуданд. Аз ҷумла назарпурсиҳои маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ”, “Бюллетени оморӣ бонкӣ”, “Тавозуни пардохт ва қарзи бахши берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2015”, “Оид ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ” ва оид ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар бахши алоҳидаи сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шуданд. Бо гузашти вақти муайян натиҷаи назарсанҷиҳо ҷамъбаст гардида, мавзуъҳои дигар оид ба бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ барои баҳогузорӣ аз ҷониби мутахассисон ва муштариён ҷойгир карда мешаванд.

Солимгардонии Бонки миллии Тоҷикистон.

Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода дар охири суханронии худ қайд кард, бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявӣ ва гузаронидани ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи стратегӣ оид ба фаъолияти солимгардонии Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 таҳия гардида, бандҳои он марҳила ба марҳила иҷро шуда истодаанд. Нақшаи мазкур тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Тибқи талаботҳои Нақшаи мазкур ислоҳот дар бахшҳои гуногун ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулӣ, такмили фишангҳои он, беҳтар намудани идорасозии хавфҳои асъорӣ, танзими сармоя, дедоларикунонии иқтисодиёт, зиёд намудани эътимоднокии мардум ба пули миллӣ дар назар гирифта шудааст. Инчунин, дар доираи Нақшаи стратегӣ қонунҳои амалкунандаи низоми бонкӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, барои такмил додани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ, ки хеле ҷолиб ва шавқовар буд, намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди болоравии нархи маҳсулот, ҳамкорӣ бо бонкҳо Хитой ва ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, тағйирёбии қурби асъор, вазъи пули миллӣ, коҳишёбии нархи нафт ва таъсири он ба қурби пули миллӣ, сатҳи таваррум, интиқоли маблағҳои аз Русия, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, қарз ба соҳаҳои иқтисодиёт, посухҳои мукаммал ва мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку