Баррасии масъалаҳои муҳим дар БМТ

Бойгонии ахбор
29.01.2016

Баррасии масъалаҳои муҳим дар БМТ

Дар партави вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палати ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат имрӯз, 29 январи соли равон машварати роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо раисони бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016” баргузор гардид.

jalasa 1.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти ҷаласа изҳор намуд, ки дар соли ҷорӣ моро дар якҷогӣ зарур аст дар пайдо намудани роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ саҳми босазо гузорем. Ӯ ба ҷамъомадагон дастури Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон “Қурб бояд як то бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад”-ро бори дигар хотиррасон намуда, бо қатъият гуфт, ки барои аз миён бурдани монеаҳои сунъии доираҳои манфиатдор минбаъд мубодилаи асъор бояд бо қурби муайянгардида ва танҳо дар хазинаҳои сарбонкҳо, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад.

jalasa 2.JPG

Ҷ. Нурмаҳмадзода диққати роҳбарони ташкилотҳои қарзиро ба якчанд масъалаи муҳими низоми бонкӣ, аз қабили номукаммал будани низоми идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, сатҳи пасти риояи қоидаҳои қарздиҳӣ ва идоракунии корпоративӣ, риоя накардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии носаҳеҳ, надоштани стратегияи ҷалби захираҳои дарозмуҳлат, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ, ҳамкории суст бо бюроҳои таърихи қарзӣ, пешниҳоди ками маҳсулоти нави бонкӣ, баланд будани фоизи қарзҳо, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо ва ғайра ҷалб намуд.

jalasa 3.JPG

Дар ҷараёни машварат дар назди роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ барои паси сар кардани проблемаҳои мавҷуда дар иқтисодиёт дар соли ҷорӣ вазифаҳои авввалиндараҷа ва масъулиятнок - ҷалби бештари маблағҳои инвеститсионӣ, пурзур намудани заминаи сармоявии ташкилотҳои қарзӣ, саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои худ дар назди мизоҷон, таҳия ва татбиқ намудани чораҳои зиддибуҳронӣ, рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муштариён, таъмини бештари дастрасии муштариён ба маблағҳои қарзии арзону дарозмуддат, ҳамкории зич бо бюроҳои таърихи қарзӣ, такмили минбаъдаи низоми идоракунии хавфҳо, бозомузии кормандон ҷиҳати беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани хавфҳои асъорӣ гузошта шуданд.

5.JPG

Дар навбати худ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ зимни муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ дархосту пешниҳодоти худро дар мавриди паст кардани фоизи қарзҳо, ҷалби амонатҳо, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо роҳи ташкили рақобати солим дар байни бонкҳо, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, такмили қонунгузории бонкӣ манзур намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ




Возврат к списку