Фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” қатъ карда шуд

Бойгонии ахбор
04.02.2016

Фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” қатъ карда шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2016 дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои муфлисшавӣ фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда шуд.

Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку