Бо ташаббуси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва «Файненшл Таймс» 18 феврали соли 2016 дар шаҳри Истамбул дар доираи Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Президенти БАТР Суна Чакрабортӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сармоягузорӣ, имконият ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар лоиҳаҳои калидии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз қабили лоиҳаи CASA-1000 ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ф. Шарифов ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул И. Абдураҳмонов ширкат доштанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ